Муштарии мӯҳтарам,

Лутфан ин Қарордоди муҷаввизро (Пешниҳоди умумӣ) хонед.

ҚАРОРДОДИ МУҶАВВИЗ БО КОРБАРИ ДАСТГОҲИ НАВИГАТСИОНИИ "NAVITEL NAVIGATOR"

Қарордоди муҷаввизи мазкур Қарордоди ӯҳдадории ҳуқуқиест, ки байни Шумо (шахси воқеӣ ё ниҳоди ҳуқуқӣ), минбаъд ҳамчун "Корбар" ном бурда мешавад ва Ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии "Маркази технологияҳои навигатсионӣ", (минбаъд ҳамчун "NAVITEL" ном бурда мешавад) дар бобати истифодаи нармафзори Дастгоҳи навигатсионии "NAVITEL NAVIGATOR" (минбаъд ҳамчун "Маҳсулоти нармафзор" ном бурда мешавад) баста мешавад. Маҳсулоти нармафзор аз нармафзори компютерии барномаи нақшакашии навигатсионӣ (минбаъд ҳамчун "Дастгоҳи навигатсионӣ" ном бурда мешавад), нақшаи рақамӣ (минбаъд ҳамчун "Маҳсулоти рақамӣ" ном бурда мешавад) ва маводи замимашуда дар шакли чопӣ ё рақамӣ иборат аст. Маҳсулоти рақамиро метавон (i) ҳамроҳ бо Дастгоҳи навигатсионӣ ҳамчун як қисми маҳсулоти нармафзор ё (ii) ҳамчун ҷузъи алоҳида, ки он ҳамроҳ бо маҳсулоти нармафзори қаблан ба дастоварда ба кор бурда мешавад, дарёфт кард.

Қарордоди муҷаввизи мазкур ҳамаи таҷдидҳо, иловаҳо, ҷузъҳои иловагии Қарордоди ӯҳдадории ҳуқуқӣ ва ҷузъҳои маҳсулоти нармафзор, аз ҷумла кафолати кори онро дарбар мегирад. NAVITEL соҳиби ҳамаи ҳуқуқҳои марбут ба Маҳсулоти нармафзор бо шартҳои зерин мебошад: ҳуқуқҳои истисноии муаллифон ба пойгоҳҳои нақшакашӣ мансуби соҳибони онҳост, ки бо риояи аломатҳои ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар ҳар нусхаи Маҳсулоти нармафзор ҷой дода шудааст.

NAVITEL соҳиби ягонаи ҳуқуқ ба паҳн кардани Маҳсулоти нармафзор мебошад. Маҳсулоти нармафзор ба таври куллӣ ва ҳамаи ҷузъҳои он ба таври алоҳида (аз ҷумла, аммо на маҳдуд ба маводи нақшакашӣ, пойгоҳҳои додаҳо, аксҳои графикӣ, видео, сабтҳои овозӣ, матнҳо ва барномаҳои иловагӣ) дорои ҳаққи муаллиф буда, дар зери ҳимояти қонунгузориҳои Русия ва байналмилалӣ қарор дорад. Ҳангоми насбкунӣ, нусхабардорӣ, боргирии поён, истифодабарӣ дар ҷойҳои дигар ва ё дар дар ҷараёни дастрасӣ ба Маҳсулоти нармафзор Шумо ҳамин тавр бо шартҳои Қарордоди муҷаввизи мазкур розӣ мешавед. Ин Қарордоди муҷаввиз билофосила пас аз тасдиқи ризоияти Шумо бо он эътибор пайдо мекунад. Ин Қарордоди муҷаввиз дар тамоми муддати истифодабарии он эътибор дорад. Агар Шумо бо яке аз шартҳои Қарордоди муҷаввиз розӣ набошед, Маҳсулоти нармафзорро насб ва истифода накунед.

ҚАРОРДОДИ МУҶАВВИЗ (ПЕШНИҲОДИ УМУМӢ)

Маҳсулоти нармафзор (бо шумули маводи чопӣ) мувофиқи шартҳо ва шароитҳои Қарордоди муҷаввиз ба Шумо интиқол дода шудаанд, вале БА ШУМО ФУРӮХТА НАШУДААНД.

1. МАВЗӮИ ҚАРОРДОД
1.1. NAVITEL ба Шумо муҷаввизи ғайриинҳисории одӣ, яъне ҳаққи истифодаи Маҳсулоти нармафзорро танҳо ба тартиб ва шартҳое, ки дар зер оварда шудаанд, медиҳад (минбаъд ҳамчун "Муҷаввиз" ном бурда мешавад).
1.2. Ҳамаи шартҳои дар зер пешбинишуда ба Маҳсулоти нармафзор ба таври умумӣ, ҳамчунин ба ҳар як ҷузъи он дар алоҳидагӣ марбут аст.

2. МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ
2.1. Ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ ба Маҳсулоти нармафзор (аз ҷумла, аммо на маҳдуд ба ҳуқуқҳо ба ҳама гуна пойгоҳҳои додаҳо, аксҳои графикӣ, аксҳо, видео, сабтҳои овозӣ ва барномаҳои иловагӣ, ҳамчунин дигар чизҳои моликияти зеҳнӣ, ки дар Маҳсулоти нармафзор мавҷуданд), маводҳои замимашуда дар шакли чопӣ ё рақамӣ ва ҳама гуна нусхаҳои Маҳсулоти нармафзор ба NAVITEL ва шарикони он мансуб мебошанд. Ҳамаи ҳуқуқҳои моликият ва ҳуқуқҳои муаллиф ба пойгоҳҳои додаҳо ва мӯҳтавои дигар, ки дастрасӣ ба онҳо тавассути маҳсулоти нармафзор фароҳам мегардад, ба соҳибони ҳуқуқҳои моликият ва ҳуқуқҳои муаллиф ба ин пойгоҳҳои додаҳо ва мӯҳтавои дигар мансуб буда, аз ҷониби қонунҳо ва дигар санадҳои дохилии Федератсияи Русия, инчунин асноди қонунгузории байналмилалӣ, ки дар соҳаи моликияти зеҳнӣ иҷро мегарданд, муҳофизат карда мешаванд. Қарордоди мазкур ба Шумо ҳеҷ гуна дастрасиро ба мӯҳтавои маҳсулоти нармафзор намедиҳад.
2.2. Ба корбар муҷаввизи одии ғайриистиноӣ барои истифода бо мақсадҳои ғайритиҷоратии хусусӣ дар ҳолатҳои номбаршудаи зайл, ки тавассути маҷмӯи шартҳои зерин фароҳам мегарданд, дода мешавад.
2.3. NAVITEL ба ҷуз ҳуқуқҳое, ки мустақиман дар зер оварда шудаанд, ҳеҷ гуна ҳуқуқи дигар намедиҳад.

3. ШАРТҲОИ ИСТИФОДА
3.1. Маҳсулоти нармафзор ҳамчун ҷузъи компютер ё ҳамроҳ бо компютер, ки дар он қаблан насб карда шудааст, фурӯхта мешавад. Агар корбар маҳсулоти нармафзорро ҳамчун ҷузъи компютер ё ҳамроҳ бо компютер ба даст орад, ба Маҳсулоти нармафзор ҳамчун ба маҳсулоти воҳиди бо компютер якшуда муҷаввиз дода мешавад ва танҳо бо компютер, ки ҷузъи маҷмӯи он ба ҳисоб меравад ё ҳамроҳ дар маҷмӯи он интиқол ёфтааст, метавонад истифода шавад.
Корбар ҳамеша метавонад ҳуқуқи ба ӯ тавассути ин қарордод додашударо ба каси дигар интиқол диҳад, аммо танҳо дар ҳолати фурӯш ва интиқоли ҳамзамону бебозгашти компютер бо шарте, ки ҳеҷ як ҷузъ ё нусхаи маҳсулоти нармафзор дар ихтиёри корбар боқӣ намемонад, инчунин қабулкунандаи маҳсулоти нармафзор риояи шарту шароитҳои Қарордоли мазкурро ба ӯҳда мегирад.
3.2. Агар Маҳсулоти нармафзор дар компютер қаблан насб карда нашуда бошад ва ё ба маҷмӯи компютер ҳамроҳ карда нашуда бошад ҳам қобили фурӯш аст. Агар корбар Маҳсулоти нармафзорро ҷудо аз компютер ба даст орад, корбар ҳақ дорад ҳуқуқи ба ӯ тавассути Қарордоди мазкур додашуда, ҷузъҳо ва нусхаҳои маҳсулоти нармафзорро ба шахси дигар интиқол диҳад, бо шарте, ки ҳеҷ як ҷузъ ё нусхаи маҳсулоти нармафзор бо худи ӯ боқӣ намемонад ва қабулкунандаи маҳсулоти нармафзор риояи шартҳо ва шароитҳои Қарордоди мазкурро ба ӯҳда мегирад.
3.3. Вусъати муҷаввиз. Қарордоди мазкур ба Корбар ҳуқуқ медиҳад, ки Маҳсулоти нармафзорро дар шакли рамзи ашё бо роҳи сабти он дар ҳофизаи дастрасии тасодуфии компютер бо мақсади иҷрои мустақими дастурҳои Маҳсулоти нармафзор бо просессори марказии компютер тавлиди дубора кунад. Ба корбар иҷозат дода намешавад, ки Маҳсулоти нармафзорро дар бештар аз як компютер истифода ё захира кунад (чи дар шакли насбшуда ё насбнашуда).
3.4. Иҷозат ба истифодаи Маҳсулоти рақамӣ, ки дар дохили маҳсулоти нармафзор мавҷуд аст, танҳо ва бидуни истисно бо истифодаи Дастгоҳи навигатсионӣ, ки дар дохили маҳсулоти нармафзор ҷой гирифтааст, дода мешавад. Маҳсулоти рақамии ҳамчун воҳиди алоҳида ба даст овардашуда метавонад танҳо дар дохили як маҳсулоти нармафзор кор кунад (яъне ба як муҷаввизи маҳсулоти нармафзор "муносиб" карда шавад).
3.5. Корбар ҳақ дорад барои маслиҳат барои кӯмаки фаннии NAVITEL дар бобати барқароркунии нусхаи гумшуда ё зарардидаи Маҳсулоти нармафзор дархост фиристад. Корбар ҳамин тавр муваззаф аст, ки барои истифодаи нусхаи маҳсулоти нармафзор далел оварда тавонад.
3.6. Расонидан бо ду намуди додарасон. Дар сурате, ки Маҳсулоти нармафзор тавассути ду ё бештар додарасон расонида шавад, корбар ҳақ дорад, танҳо як маҷмӯъи аз ҳама бештар ба худаш муносибро истифода кунад. Ҳамаи додарасонҳои дар як нусхаи маҳсулоти нармафзор ҷойгирифта дорои ҳамон як нусхаи маҳсулоти нармафзор ҳисобида мешаванд ва корбар метавонад онро танҳо дар як компютер истифода кунад.
3.7. Корбар иҷозат дорад, ки танҳо 1 (як) нусхаи маҳсулоти нармафзорро созад, ки он бидуни истисно бо мақсади захирасозӣ истифода хоҳад шуд.
3.8. Корбар муваззаф аст, ки худаш амале аз феҳрасти зерро анҷом надиҳад ва ба шахси воқеъӣ ё ҳуқуқии дигар низ иҷозаи ин амалҳоро надиҳад:
- истифодаи Маҳсулоти нармафзор бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи мустақим;
- иҷора додан ва ё барои истифодаи муваққат додани Маҳсулоти нармафзор;
- истифодаи Маҳсулоти нармафзор барои иҷрои хадамоти шабакавӣ, аз ҷумла, аммо на маҳдуд ба пахши тиҷоратӣ ва ё ғайритиҷоратӣ дар торнамоҳои интернетӣ;
- фароҳам овардани шароити муносиби истифода аз Маҳсулоти нармафзор ба нафароне, ки ҳаққи шахсии истифода аз онро надоранд (аз ҷумла, онҳое, ки дар як шабака ва ё низоми чандкорбар бо шумо кор мекунанд), ихтисос додани муҷаввизи Маҳсулоти нармафзор;
- паҳн (нашр)-и қисматҳо ва ё ҷузъҳои Маҳсулоти нармафзор, аз ҷумла, аммо на маҳдуд ба фароҳам овардани шароити нусхабардорӣ барои ҷониби сеюм;
- талоши поксозии маҳдудиятҳои фаннӣ аз Маҳсулоти нармафзор;
- дастрасии мустақим ба пойгоҳи додаҳои Маҳсулоти Рақамӣ, пайгирии сохтор ва формати захирасозии Маҳсулоти Рақамӣ, тағйири сохтори захирасозии Маҳсулоти рақамӣ, навсозии пойгоҳи додаҳои Маҳсулоти нармафзор, навсозӣ (баргардон) ва мутобиқсозии Маҳсулоти нармафзор, қисматсозӣ, баҳамзании барнома (баргардони рамзи мавзӯъ ба матни аввалия), пойгоҳҳои додаҳо ва ҷузъҳои дигари Маҳсулоти нармафзор;
- тағйири рамзи мавзӯи барнома ё пойгоҳи додаҳо ба истиснои онҳое, ки тавассути воситаҳои дар маҷмӯи Маҳсулоти нармафзор ҷойгиршуда анҷом гирифтаанд ва дар маводи замимашуда тавсиф ёфтаанд;
- интиқоли ҳаққи истифодаи Маҳсулоти нармафзор ба ҷониби сеюм ба истиснои мавридҳои зикршуда дар бандҳои 3.1. ва 3.2-и Қарордоди муҷаввизи мазкур бо риояи талаботе, ки дар бандҳои дар боло муайян шудаанд;
- дар мавриди Маҳсулоти нармафзор вайрон кардани қонунҳои Федератсияи Русия, инчунин қонунҳои байналмилалии марбут ба ҳимояи қонунии нармафзорҳои компютерӣ ва пойгоҳи додаҳо.
- истифодаи Маҳсулоти Рақамӣ бо ҳама гуна барнома ва нармафзорҳо ба ғайр аз Дастгоҳи Навигатсионӣ.
3.9. Агар корбар яке аз иқдомҳои дар банди 3.8. зикршударо рӯидаст гирад, NAVITEL ҳаққи қатъи Қарордоди иҷозати истифодабариро ба таври якҷониба, дар вақти дилхоҳ ва бидуни огоҳӣ ҳифз мекунад.
3.10. Корбар бояд барои ҳамаи хатарҳои истифодаи Маҳсулоти нармафзор масъулияти комил ҳис намуда, онҳоро қабул кунад.
3.11. Фаъолсозии Калиди Муҷаввизи Маҳсулоти нармафзор василаи қонунии ризоияти Корбар барои истифодаи мунсифонаи Маҳсулоти нармафзор мебошад.
3.12. Қатъи фаъолияти калиди Муҷаввиз ба нусхаи Маҳсулоти нармафзор на бештар аз як бор (бо ҳар сабаб) иҷозат дода мешавад. Агар нусхаи Маҳсулоти Рақамӣ ҳамчун воҳиди алоҳида ба даст оварда шуда бошад, қатъи фаъолияти калиди Муҷаввиз вуҷуд надорад. Фаъолсозии дубораи калиди Муҷаввиз танҳо дар дастгоҳи ҳамон навъ бо ҳамон низоми расмии барномавӣ иҷозат дода мешавад. Барои маълумоти бештар дар бораи қатъи фаъолият ва фаъолсозии дубораи калиди Муҷаввиз ба торнамои расмии NAVITEL бо нишонии http://navitel.ru нигаред.

4. БАРӮЗСОЗӢ
4.1. Барои истифода аз барномае, ки мутобиқи қоидаҳои NAVITEL ба қисмати барӯзсозӣ шомил аст, дар чаҳорчӯбаи пешниҳоди барӯзсозии NAVITEL барои Маҳсулоти нармафзор бояд муҷаввиз гирифта шавад. Барӯзсозӣ Маҳсулоти нармафзорро пурра ё қисман иваз мекунад ва ё онро тавсеа медиҳад ва гувоҳи ҳаққи шумо ба барӯзсозӣ мебошад. Чун Барӯзсозиро дар компютератон насб мекунед, шумо ҳаққи истифодаи онро тибқи шартҳои ҳамин Қарордод ва ё тибқи шартҳои Муҷаввизи истифодаи Барӯзсозӣ пайдо мекунед.
4.2. Пас аз насби барӯзсозӣ шумо наметавонед аз нусхаи аввалияи Маҳсулоти нармафзор, ки онро барӯз кардаед, истифода кунед, ба ҷузъ аз мавридҳое, ки он бахше аз барӯзи барнома бошад.
4.3. NAVITEL, инчунин фароҳамоварандагонашу шариконаш ҳеҷ масъулияти мустақим ё ғайримустақимеро барои таҳия ва тақсими Барӯзсозии Маҳсулоти нармафзор ва ҳеҷ як аз ҷузъҳои он, аз ҷумла Маҳсулоти Рақамӣ ба дӯш намегиранд.
4.4. NAVITEL барои худ ҳаққи эълони барӯзсозиҳои ройгон ва пулакии Маҳсулоти нармафзорро ҳифз мекунад.

5. НАРМАФЗОР "НА БАРОИ ФУРӮШИ ДУБОРА"
5.1. Агар Маҳсулоти нармафзор навиштаи "НА БАРОИ ФУРӮШИ ДУБОРА" (бо англисӣ "Notforresale" ва ё "NFR") дошта бошад, сарфи назар аз ҳама шарту шароитҳои дигари Қарордоди мазкур ин Муҷаввиз ҳаққи истифода аз чунин Маҳсулоти нармафзорро танҳо бо ҳадафҳои намоиш, санҷиш ва баҳогузорӣ медиҳад; ҳама гуна фурӯш ва ё интиқоли ин Маҳсулоти нармафзор манъ аст.

6. РИЗОИЯТ БА ИСТИФОДАИ ИТТИЛООТ
6.1. Бо насби Маҳсулоти нармафзор Корбар ризоият медиҳад, ки NAVITEL метавонад маълумоти фанниеро, ки дар чаҳорчӯбаи хадамоти дастгирӣ ба Корбар фароҳам шудааст, ҷамъоварӣ ва истифода кунад. NAVITEL ин иттилоотро барои беҳтар кардани маҳсулоти худ, бо ҳадафҳои бозорёбӣ ва ҳадафҳои дигари тарғиботӣ метавонад истифода бикунад. NAVITEL набояд маълумоти шахсии Корбарро паҳн кунад.

7. ЛАҒВИ МУҶАВВИЗИ ҚАРОРДОД
7.1. Дар сурати риоя нашудани қоидаву шартҳои ҳамин Қарордод NAVITEL метавонад онро бидуни зарар ба ҳуқуқи худ қатъ кунад.
7.2. Дар сурати лағви Қарордод шумо муваззаф хоҳед буд, то ҳама нусхаҳои Маҳсулоти нармафзори худро нобуд созед (аз ҷумла, ҳама ҷузъҳои Маҳсулоти нармафзорро дар ҳама навъи дастгоҳҳо, барӯзсозӣ, ин Қарордод ва маводи дигар).

8. МАСЪУЛИЯТ
8.1. Истифода, паҳн ва таҳияи дубора (нусхасозӣ)-и Маҳсулоти нармафзор ва ҳама гуна ҷузъҳои он бе риояи шарту шароитҳои Қарордоди мазкур ва бе риояи ҳуқуқи соҳибаш мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад.
8.1.1. Қонунҳои дахлдор ба Қарордоди мазкур қонунҳои Федератсияи Русия мебошанд.
8.2. Дар сурати риоя накардани Қарордоди мазкур Корбар ҳаққи истифодаи Маҳсулоти нармафзор ва замонати маҳдуди дар банди 9 тафсиршударо аз даст медиҳад.

9. ЗАМОНАТИ МАҲДУД
9.1. NAVITEL фаъолияти барномаҳои Маҳсулоти нармафзорро тибқи шарту шароитҳои зикршуда дар санадҳое, ки ҳамроҳ бо Маҳсулоти нармафзор дода мешавад, кафолат медиҳад.
9.2. Дар мавридҳои боқимонда Маҳсулоти нармафзор ба тариқи "чӣ гунае, ки ҳаст" дода мешавад. NAVITEL барои ҳолатҳои зерин масъулиятро бар дӯш намегирад: Барои бароварда нашудани интизороти Корбар аз Маҳсулоти нармафзор; барои мутобиқ набудани он ба гунаҳои монандаш ва ё меъёрҳое, ки дар санадҳояш зикр нашудааст; барои иштибоҳ надоштанаш; ва ҳамчунин, барои оқибатҳои мустақим ва ғайримустақими истифода аз Маҳсулоти нармафзор, аз ҷумла ононе, ки ба иллати иштибоҳи эҳтимолӣ ва ё нашри иштибоҳӣ дар бастаи Маҳсулоти нармафзор рух додааст.
9.2.1. ЛУТФАН, ТАВАҶҶӮҲ ФАРМОЕД, ки мӯҳлати фаъолияти Маҳсулоти Рақамӣ (ҳамчун бахше аз Маҳсулоти нармафзор) метавонад маҳдуд бошад. Маълумот дар мавриди Маҳсулоти Рақамӣ ҳамчун бахше аз Маҳсулоти нармафзор ва мӯҳлати фаъолияти он сареъан пас аз фаъолсозии Маҳсулоти нармафзор дастраси шумо хоҳад гардид.
9.3. NAVITEL фаъолияти муштараки Маҳсулоти нармафзорро бо нармафзор ва сахтафзорҳои ҷониб ва созмонҳои сеюм, махсусан сахтафзорҳое, ки пас аз ин намунаи Маҳсулоти нармафзор тавлид шудааст, замонат намедиҳад.

10. БАРГАРДОНИ МАҲСУЛОТИ НАРМАФЗОР
10.1. Бо қабули шартҳои ҳамин Қарордоди Муҷаввиз ва фаъолсозии калиди Муҷаввизи Маҳсулоти нармафзор, шумо ҳамчунин "Шартҳои бозпардохти Маҳсулоти нармафзори харида"- ро қабул мекунед. Барои маълумоти бештар дар бораи бозпардохти маблағ, лутфан, аз торнамои расмии NAVITEL бо ин нишонӣ http://navitel.ru боздид бикунед.
